«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ 3506 нафар довталабон бо ҳам рақобат менамоянд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар ин даври озмун 278 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 405 нафар аз шаҳри Душанбе, 1146 нафар аз Суғд, 1170 нафар аз вилояти Хатлон ва 507 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаш номинатсия байни ҳам рақобат доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои масъулин, ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштирокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд шуд.
Озмун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ доир мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023 ба тасвиб расид. Ҳадаф аз он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони мамлакат мебошад.
Озмун аз рӯйи 6 номинатсия баргузор мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо дарназардошти хусусияти синнусолӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.
Дар озмуни имсола шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.
Маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, дар маҷмуъ 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.
Бо дастури Пешвои миллат соли равон барои довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст. Тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки даври сеюми озмун 14 август оғоз гардида, то 26 август идома меёбад.