«МЕҲРГОН ОМАД, АЗИЗОН, МЕҲРУБОНИҲО КУНЕД…». Имрӯз дар Душанбе ин ҷашни ниёгон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон- мероси пурарзиши аҷдодон ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳувияти миллии мо бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин ҷамъомади идона.

Дар ин рӯз ҳамчунин Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивал-намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ доир гардид. Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манора ва ороиши махсус навъҳои гуногуни зироат, меваву сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор  ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намудаанд, ки  сарзамини биҳиштӣ будани Тоҷикистонро бори дигар нишон медиҳад.

Ҳамоиш бо ташаббуси  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти   иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардид.

Деҳқонони мамлакат аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю технология, ихтирооти вобаста ба соҳаро  пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ  омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.

Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе барои тамошои намоиши пуршукуҳи имрӯза гурӯҳ-гурӯҳ ба боғ ворид шуда, аз тамошои неъматҳои пурсахои сарзамини хеш баҳра мебурданд.

Дар намоиши мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода, Вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории иди мазкур — тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва аз таҷрибаи деҳқонон баҳра бурдан аст.

Ёдовар мешавем, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1418250 тонна, пахта — 152945 тонна, картошка — 804496 тонна, сабзавот — 2450313 тонна, полезӣ- 914793 тонна, мева- 511824 тонна, ангур — 148087 тонна, гӯшт — 202188 тонна, шир- 688925 тонна, тухм- 875491 дона, пашм- 7163 тонна, пилла- 223 тонна ва моҳӣ ба 2780 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо- 100,5 фоиз, сабзавот- 111,3 фоиз, полезӣ- 121,3 фоиз, мева- 141,6 фоиз, гӯшт- 109,1 фоиз, шир- 104,3 фоиз, пашм- 104,7 фоиз, асал- 103,4 фоиз ва моҳӣ 132,4 баробар зиёд аст.

Барои беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои кишоварзӣ ба техникаҳои кишоварзӣ тибқи маълумоти фаврӣ, дар нуҳ моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 1522 техникаи муосири кишоварзӣ, аз ҷумла 738  трактори гуногунтамға, 19 комбайни ғалладаравӣ, 60 тойбанд, 194 испори тракторӣ, 35 картошкашинонак, 15 тухмипошаки пахта (зери плёнка), 16 гандумкӯбак ва дигар техникаю технология ворид ва пешниҳоди кишоварзон гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 334 адад, аз ҷумла 190 трактор зиёд ворид шудааст.

Дар ҷашни Меҳргон инчунин намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни асали занбӯрпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли асал ба 4062 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,4 фоиз зиёд аст.

Дар намоиши идона таъкид шуд, ки ҷашни Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардуми мо арзишҳои волои онро дар хотираи таърхии хеш на танҳо чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд, балки сарфи назар аз фишори аҷнабиён  давоми ҳазорсолаҳо расму оини худро вобаста ба талаботи давру замон васеъ таҷлил менамуданд.

Бояд гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Маҳз таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошт ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё ва ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид гардид ва ҳар сол ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ҳоло сокинони шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба ифтихори Меҳргон ҷашнҳои бузург меороянд ва дастурхонҳояшонро бо анвои меваҳо, тарбузу харбуза, сабзаҷот ва хӯришҳои дигар ороста, дар атрофи хони пурнозу неъмат таронасароӣ ва рақсу бозӣ менамоянд.

Мардум ҷашни Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон  осудаю молу ҳолашон  бегазанд бошад ва хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад.

Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва хушии  мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон гардидааст.

Дар ҷашнгоҳ таваҷҷуҳи сокинон ба асалҳои пешниҳоднамудаи асалпарварон бештар равона гардида буд. Зеро дар баробари пешниҳод гардидани навъҳои асали табиӣ, инчунин тамоми техникаи парвариши асал ва таҷҳизоти истифодагардида ба маърази тамошо гузошта шуд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт асали тозаи табииро бо нархи арзон харидорӣ намуданд. Инчунин аз тавсияи олимон низ баҳраманд гардиданд.

Набояд фаромӯш намуд, ки асал яке аз маҳсулоти табиии ғизоӣ ва воситаи беҳтарини табобатие аст, ки ҳазорсолаҳо инҷониб мавриди истифодаи башарият қарор гирифтааст. Ҳанӯз зиёда аз ҳазор сол пеш пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб» асалро дар қатори дигар маводи табобатӣ гузошта, чунин гуфта буд: «Беҳтарин ангубин он аст, ки ба ростӣ ширин ва хушбӯй бошад, ба тезию сурхӣ бигарояд, сахт буда, начандон тунуку часпак бошад, ки бурида нагиранд. Ангубин зудоянда буда, даҳони рагҳоро бикшояд, рутубатҳоро аз қаъри тан бикашад».

Пешрафти соҳаи тиб нишон дод, ки дар қатори асал прополис, шири модаршоҳ ва гарди заҳри занбӯри асал низ давои беҳтарин барои бемориҳои гуногун мебошанд. Имрӯзҳо дар кишварҳои пешрафтаи олам бо усули занбӯршифоӣ, яъне бо роҳи занбӯргазонӣ табобат намудани беморон  мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст.

Дар ҷамъбасти намоиш ба кишоварзони фаъол аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат Ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
Софияи ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»