Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон мулоқот намуданд
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолон ва сокинон мулоқот намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯшон барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос карданд.
Президенти кишвар рушду пешрафти ноҳияро дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳлил намуда, изҳор доштанд, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ноҳияи Рӯшон пайваста ободу зебо гардида истодааст.
Сарвари давлат ба заҳмати ободгаронаву созандаи мардуми ноҳия, ки барои пешрафти Тоҷикистони азизамон саъю талош мекунанд, баҳои баланд доданд.
Таъкид шуд, ки дар ноҳияи Рӯшон барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмону азнавсозии 165 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз, аллакай, 111 иншоот бунёд гардида, 50 км. Роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ шудааст.
Дар ин кор Роҳбари давлат саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳияро махсус таъкид намуда, ба ҳамаи онҳо самимона арзи сипос намуданд.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давоми 33 соли соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1,1 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ҳамзамон бо ин, ҳоло амалисозии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2021-2025 идома дорад, ки дар он 60 лоиҳа ба маблағи умумии 103 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бо назардошти имкониятҳои соҳаи саноат дар ноҳия Сарвари давлат роҳбарияти вилоят, ноҳия ва дигар масъулони ҷумҳуриро вазифадор карданд, ки барои истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда дар самти рушди ин бахши муҳим тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин соҳаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоиии ноҳия, аз ҷумла кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, маориф ва тандурустиро таҳлил намуданд. Сарвари давлат таваҷҷуҳи масъулони вилоят ва ноҳияҳои онро ба ислоҳи камбудиҳои дар ин соҳаҳо ҷойдошта ҷалб сохтанд.
Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Рӯшон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда барору комёбиҳо орзу намуданд.