Барқияи табрикии Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Нашр шуд. Пан, 22/12/2022 - 09:27Имрӯз Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Чаба Короши ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли ифтихор мехостам Шуморо ба муносибати муваффақона қабул гардидани Қатънома зери унвони «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 сурат гирифт, табрик намоям.