Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармсро ба ҳузур пазируфтанд

6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармсро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ гардид...

«ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оғоз ёфт

Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 5 сентябр маросими ифтитоҳи расмии Мусобиқаи 13-уми байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 54 варзишгар...

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Шаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ се нафар аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, хати сарҳади Афғонистону Тоҷикистонро дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба таври ғайриқонунӣ вайрон намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

СУРАТ-ГУЗОРИШ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз, намоиши китоб ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Бахшида ба Рӯзи китоб имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр, Рӯзи дарҳои боз ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуд. Дар он ҳамзамон як зумра фаъолони соҳаи китобдорӣ қадрдонӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Доир намудани ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи

Страницы