Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

30.08.2023 13:00, шаҳри Душанбе

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита

29 августи  соли 2023 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла тањияи барномањо вобаста ба вазъи истироњатгоњу, осоишгоњњо, нуќтањои сайру саёњат, фароҳам овардани имкониятҳо дар хатсайрҳо, роњандозии барномаҳои тањќиќотї – сайёњї ва инчунин  таќвияти роликњои таблиѓотї вобаста ба дастовардњои Истиқлолият, тарљума ва дубляжи филмњои гуногунжанри сатњи љањонї ба забони давлатї бо назардошти манфиатҳои миллї мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликиро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат  ташрифи Риёз Ал-Моликиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар робита ба ифтитоҳи расмии...

Китоби «Тоҷикон» дар нашриёти Баали шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия нашр шуд

Нашриёти Баали шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия шоҳасари фарзанди баруманди Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров —«Тоҷикон»-ро дар ду ҷилд ба забони арабӣ аз чоп баровард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар, ки нашри китоб таҳти назорат ва бо муқаддимаи ӯ анҷом ёфтааст, хабар дод.

Китобро адиб ва тарҷумони шинохтаи Сурия  доктор Иброҳим Истанбулӣ ба забони арабӣ баргардонидааст...

Страницы