Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлати мо дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирок хоҳанд кард.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба иштирок намуданд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм ба «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе маросими ҷамъбасти фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид

Имрӯз, 6 май бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 

Дар фестивали мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки  либоси миллии тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон санъату ҳунари мардумро нишон дода, муаррифгари симои зоҳирии миллат мебошад.

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи ВАО густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, табодули таҷриба ва омода намудани кадрҳои рӯзноманигорӣ густариш медиҳанд. Дар Остона дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Телерадиокомлекси Президенти Ҷумҳурии...

Страницы