«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии таърихии муштарак оғоз ёфт

Дар павилиони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии таърихии муштараки «Дурахши ахтарон:Ҷомӣ ва Навоӣ» шуруъ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Ҳунарпешаҳо ва хоҳишмандон ҳунару истеъдоди фитрӣ, чеҳра, тарзи гуфтор, қобилияти нақшофарӣ ва таҷрибаи хешро ба коргардон ва гурӯҳи эҷодии...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро гусел намуданд

6 апрел пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Боку баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми самимӣ меҳмони олимақом

Изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Пеш аз ҳама мехоҳам бори дигар Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдарович Алиевро бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайрамақдам гӯям. Дар оғоз мехоҳам таъкид намоям, ки давоми сӣ соли равобити дипломатӣ байни давлатҳоямон, Тоҷикистону Озарбойҷон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон;

Страницы