Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.

Дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои стратегӣ, сиёсӣ ва назорат дар соҳаи идора Катрин Поллард иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон» дар қароргоҳи СММ иштирок ва суханронӣ намуданд

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон», ки дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Роҳбари Дастгоҳи Дабири кулли СММ Эрл Кортеней Раттрей ва сафирони кишварҳо — намояндагони расмии дигар давлатҳои аъзои СММ, инчунин дигар иштирокчиёни Конфронси оби СММ-2023 иштирок намуданд.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи Конфронси об мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сироҷиддин Муҳриддин: «Ба инсоният тақрибан 50 сол зарур омад, то талошҳоро дар масоили об муттаҳид намояд»

Бо ташаббуси Ҷумҳурии  Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ қарор қабул намуд, ки солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад. Мақсади қатънома- рушди устувор ва идоракунии маҷмуи захираҳои об мебошад. Он инчунин ба пешбурди ҳамкорӣ ва шарикӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда, аз ҷумла Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 равона шудааст. Конфронси оби СММ соли 2023- дуюмин конфронси таърихӣ дар 50 соли охир мебошад. 

Страницы