ПАЙКИ НАВРӮЗ. Дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе табақи сабзаи суманак гузошта шуд

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони «Истиқлол»-и пойтахт рамзи баҳору Наврӯз — табақи сабзаи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр гузошта шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе».

Дар паҳлӯи табақи сабзаи суманак  дигар ороишоти ба ин ҷашн хос   гузошта шуда, дар  атрофи он  дарахтони гуногуни  пургул, сабадҳои гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб карда шудаанд. Навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» ба ин макон шукўҳи дигар  бахшидааст.

Дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон ба бунёди Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» санги асос гузошта шуд

13 март ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намуданд.

Тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар дар Вена муаррифӣ карда шуд

Ҳайати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки 13 март дар шаҳри Вена оғоз ёфт, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Дар иҷлосия дар баробари ҳайати Тоҷикистон вазирон ва роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СММ низ иштирок доранд.

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Остона нишасти хабарӣ ва намоишгоҳ оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид

13 март дар шаҳри Остона бо ташаббуси сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд дар Қазоқистон нишасти хабарӣ ва намоишгоҳ бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни cуханронӣ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, иштирокчиёнро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об шинос кард.

Страницы