ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АСОСГУЗОРИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллии мо дар тӯли таърихи кӯтоҳ аз санҷишҳои вазнини сарнавишт сарбаландона гузаштааст

Баъд аз ҳазор соли пош хӯрдани давлати Сомониён, хушбахтона, ворисони оли Сомонро имкон фароҳам омад, то давлати нави худро бунёд намоянд.

Вале давлате, ки баъди садсолаҳои бедавлатию нокомӣ ба мардуми тоҷик ато гардид, дере нагузашта, ба хатари парокандагию нобудӣ дучор омад.

Душманону бадхоҳон тавонистанд, ки мардуми тоҷикро дар муддати кӯтоҳ ба ду ҷабҳа тақсим кунанд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои бақои давлату миллати мо то ҳадде хатарнок буд, ки баъзан ҳатто бародарро бо бародар, падарро бо писар ва модарро бо духтар паси сангарҳои ба ҳам муқобил гузошт.

Оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фурсати кӯтоҳтарин бартараф карда мешаванд

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 20 феврал бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод. Сарвазири мамлакатро дар ин сафар роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ намуданд. Гурӯҳи корӣ аввал аз мавзеи фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ дидан намуд.

ФИЛМИ «ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Нимаи дуюми соли равон банаворгирии он оғоз меёбад

Нимаи дуюми соли 2023 банаворгирии филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз мегардад. Ин матлаб 17 феврал зимни мулоқоти маҷозии намояндагони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии миллии «Узбеккино» баён гардид. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Дар мулоқот оид ба масъалаҳои ба итмом расонидани корҳои таҳрири филмнома, филмномаи коргардонӣ, тасдиқи хароҷоти филм, баргузор кардани интихоб ва оғози филм изҳори назар карда шуд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳафтаи оянда байни муассисаҳои номбаршуда «Харитаи роҳ» ба имзо расонида мешавад.

ИҚДОМИ БАШАРДӮСТОНА. Пешвои миллат ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Сурия кумак намуданд

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Арабии Сурия кумаки башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумаки башардӯстона аз маводи зарурии  хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.

Дар баробари ин ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи  Сурия либосу пойафзоли зимистона, кӯрпаю болишт, кати хоб, хаймаҳо, ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳо, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас карда шуд

Страницы