ЭЪЛОНИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Пешниҳоди Рустами Эмомалиро 10 ҳазор сокини пойтахт бо баргузории роҳпаймоӣ ҷонибдорӣ намуданд
Нашр шуд. Пан, 22/02/2024 - 10:24Бо иштироки қариб 10 ҳазор ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт ҷиҳати ҳамовозӣ ва ҷонибдории пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол тариқи қабули Қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиш ва роҳпаймоӣ доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Роҳпаймоӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз назди шаршараи Наврӯзгоҳ тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то пули мошингузар баргузор шуд.