Ба истифода додани бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ
Нашр шуд. Чор, 02/11/2022 - 10:201 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ бо дастгириҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дар масоҳати 216 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.