Иштирок ва суханронӣ дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор
Нашр шуд. Душ, 26/04/2021 - 16:0426 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзӯи “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.