ХАБАРИ ХУШ! Номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуд
Нашр шуд. Ҷум, 02/12/2022 - 12:39Номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз, 1 декбар дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлоси 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо ва номинатсияҳое, ки ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ ҳастанд, аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон шуданд.