Дар Гаага Брифинг оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид
Нашр шуд. Душ, 20/02/2023 - 10:4517 феврали соли 2023 дар шаҳри Гаага Брифинги муштараки Подшоҳии Нидерланд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамӯҳлати Даҳсолаи об баргузор гардид. Брифингро директори генералии ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд хонум Китти ван дер Ҳейден ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд Эркинхон Раҳматуллозода ҳусни оғоз башиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.