ТАВАҶҶУҲ! Маҳдудиятҳои коронавирусӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бекор карда шуданд

Шурӯъ аз 8 феврал маҳдудиятҳо вобаста ба пешгирӣ аз интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бекор карда шуданд. Дар робита ба ин қарори дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Мадрид имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд

8 феврал дар шаҳри Мадриди Шоҳигарии Испания Анҷумани сармоягузорӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: минтақаи рушдёбанда барои ширкатҳои испанӣ» баргузор гардид, ки дар он имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания яке аз ташкилкунандагони ҳамоиши мазкур буд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба иштироккунандагон оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои мусоид ва имконоти сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика ва хизматрасонӣ маълумот пешниҳод гардид.

Соли 2023 Тоҷикистон мизбони 4 Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ мешавад

Бо мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) Тоҷикистон соли равон мизбони чор мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ гардида, онҳоро тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ доир менамояд. Инҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Осиё» аз рӯи намуди гӯштингирӣ, Чемпионати Осиё, Ҷоми ҷаҳон ва Чемпионати ҷаҳон мебошанд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар Ню-Йорк вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об баргузор карда шуд

9 феврал дар Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии давлатҳои аъзои Гурӯҳи дӯстони об ҷиҳати баррасии раванди тадорукоти Конфронси дарпешистодаи оби СММ баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи ҳамоиши мазкур муколама байни муовини Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад, намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Ёка Брандт ҳамчун ҳамраисони Конфронс ва кишварҳои узви Гурӯҳи дӯстони об роҷеъ ба аҳаммияти гирифтани уҳдадориҳои ихтиёрӣ дар чаҳорчӯби Рӯзномаи амали об ва омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи баланд доир гардид.

Страницы