«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН!». Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд
Нашр шуд. Якш, 29/01/2023 - 16:24Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ- Сада бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷашнгоҳ.