Шукр сўи шаҳри саодат барад…. Ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ

“Шукрона аз чунин сарзамини орому осуда намоед ва шукрона кунед, ки чунин Ватани ободу зебо доред гуфтани Сарвари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиори ҳикматноке мебошад, ки зери ин хитобаи мантиқӣ тамоми масири паймудаи тоҷикон – дирӯзу имрӯз ва ояндаи дурахшони давлатдории навинамон нуҳуфта  аст. Албатта дар низоми давлатдории миллиамон бо гузашти вақту замон ин нуктаҳои ҳикматомези Пешвои муаззами миллат аҳаммият ва авлавияти аввалиндараҷаро касб хоҳанд кард.

ФАВРӢ! Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории коронавирус хабар дод

Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷаласаи навбатӣ вазъи ҳолати имрӯза

Анъана ва таомули неки ду миллат заминаҳои бунёдӣ доранд

Дастгириҳои ҳамдигар ва равобити дўстии муштарак асоси решаҳои таърихии ин ду миллати куҳанбунёду ҳамҷавор буда, тули асрҳои зиёд аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Мусаллам аст, ки ташаккулёбии меҳру муҳаббат ва эҳсосу арзишҳои олии тоҷикону ўзбеконро на танҳо муҳити ҷуғрофӣ, балки анъанаву таомул ва дини ягона хеле наздику решапайванд кардааст. Агар ба таърихи гузаштаи ин ду миллати пурсаодат каме дуртар назар афканем пайдост, ки шахсиятҳои бузурги илму адаб ва фарҳангии онҳо бароямон осори баландмазмуну гаронбаҳоеро чун мерос гузоштаанд, ки воқеан ҳам сармояи маънавии пурарзиши халқҳои мо мебошанд.

Ғолибони даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Аз ҳисоби кормандони Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар даври дуюм ба комиссияи даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 10 нафар барои иштирок дар давраҳои минбаъдаи озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Аз рӯи номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» Бузургмеҳри Боймурод аз Радиои Тоҷикистон ва Музафар Сулаймонов аз Телевизиони «Баҳористон», аз рӯи

Страницы