Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” ва “Саъдулло Рӯзиев” — и Ҷамоати деҳоти “Халифа Ҳасан” — и шаҳри Панҷакент

28 март дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” ва “Саъдулло Рӯзиев” — и Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи “Наврӯз” дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Боғчаи бачагонаи “Наврӯз”-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

Имрӯз дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи бузурги фарҳангию эҷодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат дар саҳни ин Маҷмаа аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ парда бардошта, дар пояи он гулчамбар гузоштанд.

Страницы