Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин
Нашр шуд. Сеш, 10/10/2017 - 22:40Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд.
Дар оғози мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт, Сарвари Федератсияи Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби марги бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён дошт.