Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ, ки дидори нахустини сарони ду давлати ҳамсоя пас аз ба мақоми Президенти Афғонистон интихоб шудани Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай мебошад, маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи накуи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.

Барои васоити ахбори омма

Фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар нимсолаи аввали соли 2015 дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Имрӯз дар шаҳри Уфа, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.
Владимир Путин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Уфа хайра мақдам гуфта, ба рушди муносиботи ду кишвар баҳои баланд дод. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки соли гузашта, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ дар Аврупо, ҷаҳон ва худи Русия, гардиши мол миёни ду кишвар 2,5% афзун гардид.
Сарвари Русия ҳамчунин ба ҷараёни раёсати

Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “профессори фахрӣ”-и Донишгоҳи нафтию техникии Уфа сарфароз гардид

Дар Бошқирдистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи нафтию техникии Уфа ташриф оварда, бо устодону донишҷёни ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Русия мулоқот намуд.
Дар оғози вохӯрӣ ректори донишгоҳ Рамил Бахтизин пас аз маросими пазироию хайра мақдам сухан гуфта, қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи нафтию техникии Уфаро дар бораи сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии

Страницы