Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон
Нашр шуд. Чор, 05/11/2014 - 14:46Имрӯз дар Кохи Борбади пойтахт бахшида ба таҷлили 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.Ҷамъомади тантанавии бахшида ба таҷлили солгарди 20-ум аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Чор, 05/11/2014 - 12:06Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе
Нашр шуд. Сеш, 04/11/2014 - 16:24Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз рафти сохтмони биноҳои бисёрошёна дар хиёбони Рӯдакии пойтахт дидан кард. Пеш аз ҳама ду бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ, ки дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба