ТВ Сафина

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №308 аз 22 августи соли 2005-ум таъсис ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси расмии он маҳсуб меёбад. Рўзи 03.09.2005 расо соати 8-и субҳ аввалин барномаи телевизионӣ тариқи эфири шабакаи «Телевизиони Сафина» пахш ва манзури сокинони мамлакат гардид. Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар маросими бо тантанаи ба фаъолият оғоз намудани Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ширкат варзида, шахсан бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ ба фаъолияти боз як шабакаи тозабунёди телевизионӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтитоҳ бахшид.

Дуюмин ҷашнвораи ҳарсолаи «ҶИЛО»

Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина» бо пайгирӣ аз сиёсати фарҳангии давлату ҳукумати кишвар, татбиқи лоиҳаи телевизионии «Ҷило»-ро аз сар гирифт. Ҳарчанд ин лоиҳа аз соли 2012 оғоз гардида буд, вале ин маротиба «Ҷило» дар сатҳи байналмилалӣ ва аз рўи 12 номинатсия доир гардид.