ҶСК «Телерадиоком»
Бо фармони Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №71 аз 27.09. соли 1973 номи Маркази радиошунавонии Республикаи Тоҷикистон ба Узели Республикавии Радиошунавонӣ ва Алоқаи радиоӣ табдил дода шуд.
Бо фармони Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №58 аз 7 - уми апрели соли 1988 Узели Республикавии Радиошунавонӣ ва Алоқаи радиоӣ ба Иттиҳодияи истеҳсолии алоқаи радиоӣ, радиошунавонӣ ва телевизион мубаддал карда шуд.