Ахбор

ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ҳаштякфинал баромад

Имрӯз, 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа тими миллии Лубнонро мағлуб намуд, ба марҳилаи ҳаштякфинал баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.

Ҳамин тавр аз гурӯҳи «А» мунтахаби Қатар аз ҷойи якум ва мунтахаби Тоҷикистон аз ҷойи дуюм ба марҳилаи ҳаштякфинал роҳ ёфтанд.

Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони Қатар 8 бахши ояндадорро муаррифӣ намуданд

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз дар шаҳри Давҳа, дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд,  ки дар кори он Президенти мамлакат

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Страницы