Activities calendar

07 октябри 2014

Гузоштани санги асоси мактаб-интернат ва мулоқот бо роҳбарияту мардуми ноҳияи Қубодиён

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати 20 солагии истиқлоли Тоҷикистони ноҳияи Қубодиён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаб-интернат барои 240 хонандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд оғоз бахшид.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави ин муассисаи таълимӣ дар зарфи ду сол бо харҷи 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд меёбад.

Шиносоӣ бо кори намунавии хоҷагии деҳқонии Навбаҳори ноҳияи Қубодиён

Дар ҷамоати 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори намунавии аъзои хоҷагии деҳқонии Навбаҳор бевосита шинос шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин хоҷагӣ 22 га замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, дар 15 га пахта ва дар 7 гектари он шолӣ кишт намудаанд.
Шолии хоҷагӣ кишти такрорӣ буда, баъди ҷамъоварии ҳосили гандум корида шудааст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ аз ҳар гектари гандум ба ҳисоби

Оғоз бахшидан ба сохтмони мактаби нави замонавӣ дар маркази ноҳияи Қубодиён

Дар маркази ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 640 хонанда дар 2 баст оғоз бахшид.
Тавре зикр гардид, ин мактаб тайи 1,5 соли оянда бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдони футбол, толори маҷлисӣ, ошхона

Ифтитоҳи бинои нави мақомоти андози ноҳияи Қубодиён

Аз ноҳияи Ҷиликӯл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қубодиён ташриф овард.
Дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои мақомоти андоз ифтитоҳ ёфт.
Чунонки аён гардид, бино дуошёна буда, дорои 16 утоқи корӣ мебошад. Дар ин бино беҳтарин шароити корӣ барои кормандон ва кор бо андозсупорандагон, аз ҷумла бо механизми “Равзанаи ягона” муҳайё шудааст.

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Қубодиён

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Нахуст аз ҳама мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки вақтҳои охир бо иқдому ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва саҳми ватандӯстонаи афроди бонангу номуси кишварамон раванди ободониву пешрафти Тоҷикистони азизамон вусъати тоза пайдо мекунад.
Бешубҳа, ин иқдомоти нек ба ҳар яки мо дар татбиқи нақшаҳои созанда ҷиҳати рушди

Ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиликӯл ва мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва мардуми ноҳия

Дар фароварди боздид аз ноҳияи Ҷиликӯл Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии онро ифтитоҳ намуда, дар саҳни ҳавлии ин муассиса бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳия мулоқот намуд.
Зимни боздид аз бинои нави беморхона, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст.
Беморхонаи муосир дуошёна ва дорои 56-ҳуҷраи

Гузоштани хишти аввали мактаби муосир дар ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Ҷиликӯл

Дар ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Ҷиликӯл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нави муосир оғоз бахшида шуд, ки барои 640 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Тавре зикр гардид, ин мактаб тайи 1,5 соли оянда бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзии ноҳияи Ҷиликӯл

Дар маркази ноҳияи Ҷиликул Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзӣ дидан кард.
Дар оғози боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори қолинбофони дастӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Тавре зикр гардид, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Эргаш Султонов як коргоҳи қолинбофӣ таъсис дода шудааст, ки дорои 30 дастгоҳ буда, дар он 60 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ бо кори

Ифтитоҳи корхонаи асфалт дар ноҳияи Ҷиликӯл

Рӯзи дуюми сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷиликул оғоз ёфт.
Дар даромадгоҳи ноҳияи Ҷиликул Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти амиқ истиқбол гирифтанд.
Дар ин ноҳия бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи асфалт, ки бо кумаки грантии Ҳукумати Япония сохта ва бо техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа муҷаҳҳаз

Ташриф бо хонаи деҳқони асил Тулқун Кучаров

Дар деҳаи ҳаваскори ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқони асил Тулқун Кучаров ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами сабзавоткории аҳли хонаводаи ӯ бевосита шинос шуд.
Зимни боздид аз ҳавлӣ ва қитъаи наздиҳавлигии ин деҳқони заҳматкаш аён гардид, ки ҳар як ваҷаб замин дар ин ҷо пурсамар истифода мешавад. Аз ҳамин қитъаи замин аҳли ин хонавода дар як сол 3 ва зиёда аз он ҳосил

Суханронӣ дар мулоқот бо масъулону фаъолони ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Моҳи июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва масъулони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон масъалаҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоятро мавриди баррасӣ қарор дода, бо мақсади татбиқи яке аз ҳадафҳои миллиамон - таъмини амнияти озуқавории мамлакат иҷрои бетаъхири як қатор вазифаҳоро ба миён гузошта будем.