Телевизион ва радиои вилояти Суғд

Телевизиони вилояти Суғд

Телевизиони вилояти Суғд соли 1990 таъсис ёфта, яке аз аввалин телевизионҳои вилоятӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.  Телевизиони вилояти Суғд барномаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ омода менамояд. Дар давоми фаъолияти хеш ҷиҳати инъикоси мавзӯъҳои муҳимми ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, дастовардҳои ҷумҳурию вилоят барномахои ҷолиб таҳия ва пахш намудааст.
Соли 2007 телевизиони вилояти Суғд ба пахши ҳаштсоатаи барномаҳои худ пардохт. Сол аз сол сифати техникии пахш ва фарогирии он хубтар мегардад. Айни ҳол шумораи тамошобини телевизион 1 млн нафарро ташкил медиҳад. Барномаҳои телевизиони вилояти Суғдро на танҳо сокинони шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Б. Fафуров, Ҷ. Расулов, Спитамен, Fончӣ, Истаравшан, Ашт, Мастчоҳ, Қайроқум, Чкаловск, Хуҷанд, балки дар ноҳияхои наздисарҳадии Ӯзбекистону Қирғизистон тамошо менамоянд.
Телевизиони вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мухбирони махсуси худро дорад, ки ҷиҳати инъикоси саривақтии воқеа ва рӯйдодҳои муҳим мусоидат мекунанд.   
Ҳар ҳафта аз ҷониби гурӯҳҳои эҷодии мо қариб 40 барномаҳои гуногунмазмуну гуногунжанр таҳия гардида, ҳамарӯза тамошобинони телевизиони вилояти Суғд метавонанд барномаҳои зайлро тамошо намоянд:
 Барномаҳои «Ахбор», «Паёми Суғд», «Фурўғи шом», «Набзи иқтисод», «Мизони қонун», «Фарҳанг ва ҳунар», «Нури маърифат» «Хонавода» «Файзи дидор» «Робита», «Ҳусни зиндагӣ», «Саломат бошед», «Тоҷикона», «Ҷомеа ва телевизион», «Афкор», «Сипар»,  «Калтак», «Маориф», «Қарор ва иҷроиши он», «Ҷавҳари ахлоқ», «Аввалқадам» «Суханварони Суғд» ва ғайраҳо.


Радиои вилояти Суғд


Санаи 30-юми марти соли 1931 маҷлиси Президиуми хурди шӯрои шаҳри Хуҷанд масъалаи ташкили радиошунавониро муҳокима карда, барои амали намудани он қарор қабул кард.
Барои амалӣ шудани ин иқдом рӯзноманигор ва ровии хушбаён Аҳмадҷон Муҳаммадҷонов интихоб гардид.
Барои созмон додани нуқтаи радиошунавонӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Маскав ва Тошканд таҷҳизоти зарурӣ оварда шуд ва  ровиёну қаламкашон Ю. Ҳусайн,  А. Мирбобоев, С. Вализода, У. Дадобоев, шоирону нависандагон ба монанди Ҳ. Карим, М. Аминзода, Ҳ. Содиқ, А. Ваҳҳобов, А. Баҳорӣ, М. Юсуфов ва дигарон ба кор ҷалб гардиданд.
Нахустин кормандони радиои вилоят О. Умаров, А. Шарифов, Т. Чеботарева, Н. Ниёзӣ, А. Тавобов, М. Ӯрунов, М. Қодиров, А. Алиназаров ва дигарон  буданд.
Баъдан ба сафи кормандони радио рӯзноманигорон  Ю. Насруллоев, М. Мирзоумарова, М. Сайфиддинова, М. Сатторова, Х. Раҳмонов,  А. Абдураҳимов ҷалб гардиданд.
Қобили қайд аст, ки барномаҳо бо се забон: тоҷики, русӣ ва ӯзбеки шунавонида мешуданд. Ҳаҷми гуфторҳо ҳар рӯз якуним соат буд ва дар ду бахш садо медод,  аз саоти 13:00 то 13:30 ва 17: 00 то 18:00.
Моҳи марти соли 1972   бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ленинобод (алҳол вилояти Суғд) ташкил ёфт ва ҳамарӯза радиои вилоят 1 соат барномаҳояшро тавассути канали радиои ҷумҳурӣ  ба шунавандагони вилоят пешкаш мекард.
Радиои вилоят аз 11 – уми ноябри соли 2011 ба пахши барномаҳои 8 – соата ва аз 1 – уми августи соли 2013 ба пахши барномаҳои 16 – соата гузашт.
Фаъолияти кормандони радиои Суғд ба се самт -  иттилоот, маънавиёт ва фароғат  нигаронида шудааст.   Гуфторҳои радио бо услуби писандида, назари тоза ва мӯҳтавои баланд  таҳия мегарданд. Имрӯз кормандони радиои Суғд собиқадорони соҳа М. Валиев, А. Ҷӯраев, М. Мирзоумарова, Т. Муллобоева, М. Носирова, М. Юлдошев ва  рӯзноманигорону ровиёни ҷавон  М. Нуруллоева, И. Бобоев, У. Шокирова, А. Каҳҳорова, Х. Ғаффорова, У. Раҷабова,   П. Азимова, О. Оқил, М. Узоқова  мебошанд, ки бо дарки масъулият фаъолияти худро пеш мебаранд. Заҳмат ва талошҳои кормандони эҷодиву техникӣ аст, ки имрӯз барномаҳои радиоии «Суғдиёна», «Сӯҳбати рӯз», «Иқтисод», «Ҷилои ҳунар», «Амвоҷи зиндагӣ», «Импулс», «Ёди ёри меҳрубон», «Паёме аз ҷовидона», «Пайки ҷавонӣ», «Ахтарони само», «Азизи дилам, салом», ток-шоуи «Меҳрангез»,  бозии зеҳнии «Ҳамадон»   пахш мешаванд.
Фарогирӣ дар ҳудуди вилоят  37.4 дарсадро ташкил медиҳад.