Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ

Раёсати ҳамонҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 58 – уми июни соли 2006 таҳти рақами 277 яке аз бахшҳои сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Раёсат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», дигар муқаррарот ва фармону қарорҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , асноду меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсияи Вазорати корҳои хориҷӣ эътироф шудаанд, ҳамчунин тибқи фармону дастурҳои роҳбарияти Кумита ва Низомнома ба роҳ монда, назорату танзими давлатиро нисбат ба фаъолияти воситаҳои электронии ахбори умум, кино ва нашру намоиши маводи аудиовизиуалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқати мазмун ва муҳтавои маҳсулоти истеҳсолнамудаи муассисаҳои соҳа ва кормандони эҷодиро бо қонунҳо ба роҳ мемонад.

Вазифаҳои асосии Раёсат

- муайян кардани самтҳои асосии сиёсати Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизиону радио ва кино ва усулҳои татбиқи он дар асоси қонунгузории соҳавӣ;
- Омода сохтани нақша ва чорабиниҳои ҳамкории Кумита бо давлатҳои ИДМ, инчунин бо дигар мамолики хориҷӣ дар соҳаи телевизиону радио ва кино;
- таҳқиқ ва назорати фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбини намудани ҷараёни инкишофи худшиносии ҷомеа дар заминаи омӯзиши талаботи он ва маводи радиотелевизионӣ ва видеову кино;
- назорати таҳия ва хушсифат гардонидани барномаҳо, истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ. Инчунин ҳамоҳанг сохтани барномаҳои телевизиону радиои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ новобаста аз шакли моликияташон ва ғайраҳо.

(вазифаҳои дигари Раёсатро низомномаи он муайян ва пешбинӣ намудааст).

Раёсатро сардори Раёсат роҳбарӣ мекунад. Раёсат аз сардор, муовин, се сармутахассис ва ду мутахассиси пешбар иборат аст.