Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ
Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 – уми июни соли 2006 таҳти рақами 277 яке аз бахшҳои сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Раёсат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муқаррарот ва фармону қарорҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноду меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳамчунин тибқи фармону дастурҳои роҳбарияти Кумита, Низомномаи Кумита ва Низомномаи Раёсат ба роҳ монда, назорату танзими меҳнатро дар дастгоҳи марказии Кумита ва дигар идораҳои зерсохтор иҷро менамояд.
Вазифаҳои асосии Раёсат
Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии кадрӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба таъин ва озод намудани кормандон, пешбурду нигоҳдории делоҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон, таҳияи лоиҳаи басти корӣ, ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ ва ба расмият даровардани сафарҳои хизматӣ, бақайдгирии варақаҳои корношоямии кормандон, назорати риояи тартибу низоми меҳнатӣ дар Кумита, омода намудани маводи зарурӣ барои таъмини фаъолияти комиссияҳои аттестатсионӣ ва озмунӣ, расонидани ёрии амалӣ ба кори раёсату шуъбаҳо ва муассисаҳои тобеи Кумита дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии ба салоҳияташ марбут буда, ҳамоҳангзозии фаъолияти сохторҳои Кумита дар таҳия ва амалӣ намудани нақшаи дурнамои қонунгузории соҳа, ҳимоя намудани манфиатҳои Кумита дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодасозии лоиҳаи фармоишҳои Кумита, тафтиши арзу шикоятҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва кормандони зерсохторҳои Кумита, таклифу пешниҳод ба лоиҳаҳои қонунҳои воридшуда, ҷамъкунӣ, ташкили мавод ва омодакунии санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшавандаро таъмин менамояд.
(вазифаҳои дигари Раёсатро низомномаи он муайян ва пешбинӣ намудааст).
Раёсатро сардори Раёсат роҳбарӣ мекунад. Раёсат аз сардор, муовин, се сармутахассис ва ду мутахассиси пешбар иборат аст.