Телевизиони Кӯлоб
Телевизиони Кӯлоб соли 1992 таъсис ёфта, дар соли 2002 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардонида шуд.
Иқдоми мазкур боис шуд, ки кормандони телевизиони Кӯлоб барои фатҳи қуллаҳои нав муваффақият қадамҳои устувор гузоранд.
Телевизион дар тӯли 22 соли фаъолияти худ ба пешрафту дастовардҳо ноил гардидааст.
Бо мақсади фаъолияти босамар ва вусъат ёфтан фазои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи истиқболи ҷашни 2700 – солагии Кӯлоб бинои телевизиони Кӯлоб бо тарҳи замонавӣ сохта шуд.
Ҳамчунин, бо дастгирии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадуллои Раҳмон телевизиони Кӯлоб бо таҷҳизотҳои муосир, аз он ҷумла, таҷҳизоти мавҷпахшкунандаи иқтидораш пурқувват ва нақлиёт таъмин гардид.
Теъдоди кормандони телевизион замони таъсисёбӣ ба 8 нафар, соли 2002 ба 30 нафар мерасид ва имрӯз шумораи онҳо ба 70 нафар мерасад.
Маҳдудаи шабонарӯзии пахши барномаҳои телевизион аз аввали соли 2014 тавассути таҷҳизоти рақамӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ба 16 соат мерасад.
Тариқи телевизион барномаҳои гуногуни иттилоотӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ таҳия ва омода мегардад, ки номгӯи он барномаҳо ба тариқи зайл аст:
Ахбор, Ҳафта, Дастовард, Кишоварз, Чеҳраи ҳунар, Касбам ифтихори ман аст, Ваҳдат бақои миллат, Зан ва ҷомеа, Рангоранг, Мусоҳиба, Авроқи зиндагӣ, Субҳ, Таронаҳои дархостӣ, Инсон ва қонун, Қонун ва тартибот, Инсон ва табиат, Оила, Завқ, Дурахши истиқлол, Пайки истиқлол,Ганҷина, Тандурустӣ, Ҳамсол, Варзиш, Меҳрпайванд, Дурахши ситораҳо, Ёде аз бузургон, Шамъи хотира, Ҷавонон ва ҷомеа, Танзим талаби замон, Тарбия талаби замон, Илҳоми шоир, Дар сӯҳбати адиб, Бахтномаи миллат, Сабақи маънавӣ, ҲунармандМаърифат Шабоҳанг, Минбари Ҳукумат, Сайри таърих, Таърих гувоҳ аст, Ҳидоят, Забон пояи миллат, Боғдорӣ, Истеъдод, Зеркала историй, Ҷомеа ва иқтисод, Минбари Ҳукумат, Ҳадяи дил, Шоҳномахонӣ, Нигориши матбуот, Андешаҳо, Вақт, Сарбози ватан, Самари умр, Маданияти шаҳрдорӣ, Маърифати комил, Ватандорӣ, Таронаҳо, Пульс Кулябского региона, Ҳомиёни Ватан, Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ, Наворҳои гӯё, Анвори дониш, Пирони кӯҳистони Хатлон, Об манбаи ҳаёт, Чароғаки раҳнамо, Маъюбӣ маризӣ нест, Маориф, Омӯзгор, Некӣ ва накӯкорӣ, Шаҳрсозӣ, Муқаддасоти миллӣ ва шоу барномаҳои Муошират, Афкор, Мунозира, Ҳамадон, Чӣ бояд кард? ва Таҳлил.
Фаъолияти ҳаррӯзаи телевизиони Кӯлоб аз рӯи нақшаи ҷадвали пахши барномаҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Чумҳурии Точикистон, амали гардидани самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, иҷрои талаботҳои Қонуну Қарорҳои амалкунанда ва Қарорҳои Мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар тарғиби сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва тарбияи маънавии аҳолӣ дар вилояти Хатлон нақши босазо дорад.