Шабакаи «Овози тоҷик»
Шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик», ки қаблан ҳамчун идораи барномаҳои бурунмарзӣ фаъолият дошт, моҳи октябри соли 1949 бо ташаббус ва дастгирии академик Бобоҷон Ғафуров рӯи кор омад. «Овози тоҷик» беш аз 60 сол аст, ки барои ҳамзабонони бурунмарзӣ ва шунавандагони гуногунзабони худ барномаҳо таҳия мекунад. Бояд гуфт, ки пахши идораи барномаҳои бурунмарзӣ як воқеаи муҳим ва ҷолиби охири солҳои 40-50-уми асри гузашта дар таърихи радиои Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аввалин шуда, ба шунавонидани барномаҳои бурунмарзӣ оғоз намуд. Барномаҳои ин идораро миллионҳо ҳамзабонони хориҷ аз кишвар шунида, тавассути он ба рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ошно мегардиданд. Бо мурури замон ҳаҷми гуфторҳои идораи барномаҳои бурунмарзӣ давра ба давра афзуда, то ба чор соат расид. Сипас, ба забони форсӣ барнома таъсис ёфт ва боиси афзун гардидани вақти барномаҳо гардид. Дар идораи барномҳои бурунмарзӣ дар солҳои гуногун рӯзноманигорон, мутарҷимон ва донишмандони шинохта амсоли Саид Боғиров, Қосим Дайламӣ, Маҳмуд Туробӣ, Лайло Шарифӣ, Иброҳим Умаров,Саъдулло Раҳматуллоев, Абдуқаҳҳор Халилов, Абдуҷаббор Ваҳҳобов, Гулнисо Замонӣ, Мирзошоҳ Ватаншоев ва даҳҳо нафарони дигар кору эҷод намуда, шогирдони зиёдеро тарбия кардаанд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар самти фаъолият ва услуби кори кормандони идора тағйир ёфт. 1-уми июни соли 2007 дар заминаи идораи барномаҳои бурунмарзӣ шабакаи радиои «Овози тоҷик» таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии барномаҳо минбаъд шинос намудани шунавандагони хориҷӣ бо самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инъикоси таърих ва фарҳанги пурғановати мардуми ин сарзамин ҳамчун меросбарони таъриху тамаддуни ин миллат яке аз рукнҳои асосии кори ин шабака маҳсуб меёбад.
Имрӯз шабака бо технологияи муосир таҷҳизонида шуда, фаъолияти шабонарӯзи дорад. Яъне 24 соат, бо 8 забон, тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, русӣ, ӯзбекӣ ҳиндӣ, арабӣ ва англисӣ, барномаҳо таҳия ва пахш менамояд. Аз ҷумла бахши тоҷикӣ – 2 соат, бахши дарӣ -2 соат, бахши форсӣ- 2 соат, бахши русӣ- 2 соат, бахши англисӣ - 1 соат, бахши арабӣ -1 соат, бахши ҳиндӣ - 1 соат ва бахши ӯзбекӣ – 1 соат мустақиман пахш гардида, баъдан 12 соати дигар барномаҳо такроран шунавонида мешаванд.
Бахши иттилоотии «Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон» ҳар соат бо 8 забон хабару гузоришҳои тозаро аз дохил ва хориҷи кишвар саривақт пешкаши шунавандагон менамояд. Дар маҷмӯъ ҳар рӯз 12 нашри хабарӣ таҳия мегардад, ки аз 6 то 12 хабар истифода мешавад.
Бо талаботи замон барномаҳо дар доираи мавзуҳои гуногун таҳия ва пахш мегардад. Аз ҷумла, барномаи «Дипломатияи Тоҷикистон ва ҷаҳон», роҷеъ ба ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дигар муносибатҳои судманди Тоҷикистон бо дигар давлатҳо бо иштироки коршиносон масоили сиёсиву соҳавӣ ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе соати 8-15 дар ҳаҷми 20- дақиқа садо медиҳад.
Барномаи «Иртибот», дар робита ба мавзӯъҳои муҳимми дохилу хориҷи кишвар омода мегардад ва рӯзҳои ҷумъа соати 8-30 дар ҳаҷми 15 дақиқа садо медиҳад.
«Сарзамини ҳунар» пайваста аз олами ҳунару маърифати ҳунармандони соҳаҳои гуногун, фарзандони фарзонаи Тоҷикистон таҳия шуда, ҳар рӯзи ҷумъа соати 10-20 дар ҳаҷми 20 дақиқа пешкаши шунавандагон мегардад. «Саройи орифон» барномаи фарҳангиву маърифатӣ буда, аз ҳаёт, рӯзгор ва осори мутафакирони бузурги Шарқ баҳс мекунад, ки рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 8-15 дар ҳаҷми 20 дақиқа садо медиҳад.
«Саҳарноз» барномаи фарҳангиву фароғатӣ буда, таъриху фарҳанг ва ҳунари мардуми тоҷикро барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Инчунин, барномаҳои «Бонувон дар гулшани адаб», «Ёдгори умр», «Куҳандиёр», «Иқтисоди миллӣ», «Занони номдори ҷаҳон» ва даҳҳо барномаҳои дигари сиёсию иқтисодӣ дар фазои хабарӣ пахш ва инъикос мешаванд.
Ҳамзамон, дар шабакаи «Овози тоҷик» ҳар рӯз бештар аз 17 барномаҳои таҳлилӣ, сиёсию фарҳанғӣ, шарҳу гузориш ва тафсирҳо садо медиҳад.
Нақши шабакаи «Овози тоҷик» дар густариш ва таҳкими робита бо ҳамзабонони бурунмарзӣ хеле калон аст. Шабакаи «Овози тоҷик»-ро дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешунаванд. Гувоҳи ин гуфтаҳо номаҳоест, ки пайваста аз ҷониби шунавандагони бурунмарзӣ ба унвони барномаҳои ин шабака бо забонҳои гуногун меоянд.