Шабакаи «Садои Душанбе»
Таъсиси шабакаи «Садои Душанбе», ки санаи 18-уми январи соли 1999 бо ибтикори раиси вақти Кумита, нависандаи нотакрор Сайф Раҳимзоди Афардӣ ташкил шуд. Он дар заминаи гуфторҳо барои аҳолии шаҳри Душанбе ба вуҷуд омад, ки зарурати тавлиди ин шабакаи нави радиоӣ фарох намудани имконоти дастрасии шунавандагон бо иттилоот буд.
Ин шабака дар рӯзҳои аввали таъсисёбӣ 8-нашри иттилоотии «Хабар» дошт, ки он феълан ба 11-нашр расидааст, ки ҳар як нашри он 5-дақиқаро ташкил медиҳад. Нашри нахустини хабариро ровӣ Ховари Абдулҳай соати 1000- и рӯзи 18-уми январи соли 1999 пахш намуда, Хуршед Исмоилов коргардронӣ кардааст. Хабарҳо нисбат ба дигар шабакаҳо кӯтоҳу ҷолибтар ва оҷилан таҳияву пахш мегарданд. Дар рӯзҳои аввал лаҳни қироати муҳаррирони бахши хабарӣ Ховари Абдулҳай, Беҳрӯзи Забеҳулло, Аҳлиддини Тоҳир ва дигарон усули ба худ хос дошт. Тавассути шабакаи «Садои Душанбе» аввалин гузориши мустақими телефониро Шарифи Мисайдзод рӯзи 18-уми феврали соли 1999 соати 13:05 ба самъи шунавандагон расонида буд, ки он дар бораи расми кушодашавии шабакаи мазкур нақл мекард ва имрӯз ба чунин тарз пешниҳод намудани гузоришҳо як анъанаи кормандони шабака гаштааст.
Эҷодкорони «Садои Душанбе» ҳанӯз аз рӯзҳои аввали корӣ таҳлили мавзӯъҳои рӯзмарраи ҳаёти ҷомеаро пайгирӣ карда, ҷиҳати дар шакли наву замонавӣ пешниҳод намудани барномаҳо ҷаҳду талош мекарданд. Ин буд, ки дар муддати кӯтоҳ мухлисон ва ҳаводорони зиёде пайдо кард. Рӯзҳои аввали корӣ барномаҳои озмуниву фароғатӣ мақоми хосса доштанд. Нахустин барномаи озмуниро Қурбони Тусафӣ бо номи «Пайроҳаи мурод» соли 2000-ум таҳия намудааст. Сипас шумори чунин барномаҳои ҷолиб ва сершунаванда афзуд. Минҷумла, «Интизорӣ» нахустин барномаи мустақими таҳлиливу иҷтимоӣ буд, ки моҳи марти соли 1999 рўи мавҷ омад ва барои баланд бардоштани руҳияи мардум мусоидат намуд. Дар баробари ин, барномаҳои «Ангеза», «Хонавода», «Шафқат», «Андеша», «Минбари ҷавонон» рӯи кор омада, дар муддати кӯтоҳ миёни сомеъон мавқеъи хос пайдо карданд. Чунончи барномаи «Хонавода» то ҳол аз ҷумлаи маҳбубтарин барномаҳои шабакаи «Садои Душанбе» дониста мешавад. Шумораи нахусти ин барнома 26-уми феврали соли 1999 аз ҷониби журналисти шинохта Сафаргул Олимӣ таҳия гардид. Он асосан ба проблемаҳои рӯзгори ҷомеа, махсусан ба мушкилоти оилавӣ дахл мекунад, масъала мегузорад ва тавассути иртиботи телефонӣ назари шунавандаҳоро дар ҳалли ин ё он проблемаи оилаву оиладорӣ пурсон мегардад. Баъд аз ба эфир баромадани 8-10 нашри ин барнома ба унвонии он аз ҷониби шунавандаҳо ҳамарўза аз 20 то 50 мактуб ирсол мешуд. Ҳоло барои таҳияи барномаи мазкур корманди ботаҷрибаи шабака Сайфуллои Бозор муваззаф аст ва шунавандаҳои бешумори худро дорад.
Феълан нерӯи кории шабакаи «Садои Душанбе»-ро ҷавонон - Нигинаи Давронзод, Неъмати Муҳиб, Муҳаммадсафои Ҳасан, Орзу Ниёзӣ, Мадина Юсупова, Муҳибуллои Исматулло ва дигарон ташкил медиҳанд, ки онҳо бо диди наву замонавӣ ва маҳорати баланди касбӣ барномаву гузоришҳои ҷолиб омода месозанд. Ин рақобатпазир шудани шабакаро миёни дигар радиоҳои давлативу хусусӣ дучанд мекунад.
Барномаҳои дигаре, ки дар солҳои минбаъада дар ин шабакаи радиоӣ рўйи кор омада буданд, имрӯз ҳам роғибон ва мухлисони зиёд доранд. Ин барномаҳои «Ҳуқуқи Шумо», «Чашми дил», «Маҳорат», «Гар дасти фитодае бигирӣ» ва дигар гуфторҳои ҷолиби фарҳангиву зеҳнӣ мебошад, ки ба унвонии онҳо ҳамарӯза мактуб ва зангҳои зиёди телефонӣ ба идораи шабака ворид мешавад.
Ҳоло барномаҳои хубу касбии шабакаи «Садои Душанбе» хеле зиёданд. Аз ҷумла, силсилабарномаҳои «Шумон», «Мири кабир», «Шамсулорифин» ва барномаҳои иқтисодиву таҳлилӣ, амсоли «Ислоҳот», «Мизон», «Ҳамсадо», «Иқлим», «Мавқеъ» «Илму амал», «Роҳнамо» далели ин гуфтаҳоянд. Яке аз барномаҳои ҷадиди ин шабака радиомаҷаллаи саҳаргоҳии «Шабгиргоҳ» мебошад, ки ҳар субҳ бо бахшҳои кӯтоҳу маълумоти ҷолиб омода мегардад ва дар баробари дарёфти маълумот фароғати шунавандаро низ таъмин месозад.
Самти фаъолияти иттилоотии шабакаи «Садои Душанбе» имрӯз хело ҳам фарох аст. Доир ба ҳама гуна мавзӯю масоили мубрами ҷомеа ҳамарӯза шунавандагон метавонанд иттилоъ ва таҳлилоти фаровону объективонаро дастрас намоянд. «Садои Душанбе» шабакаи иттилоотиву фароғатӣ буда, дар як шабонарўз тавассути он 24 соат (12 соат оригинал ва 12 соат такрор) бо ду забон – тоҷикиву русӣ барномаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ таҳия ва пешниҳоди шунаванда мешавад. Имрӯз теъдоди барномаҳо дар маҷмӯъ ба 60-адад мерасад, ки ҳамарӯза аз 10 то 12 барномаи оригиналӣ садо медиҳад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки баробари пахши барномаҳои «Садои Душанбе» дар шабакаи интернет барномаҳои «Чашми дил», «Маърифати шаҳрвандӣ», «Инсоф», «Маҳорат», «Мавқеъ», «Ҳақиқат ва воқеият», «Хонавода», «Ҷасорат», «Равзана», «Ҷаҳони андеша», «Меъёр» ва чанде аз барномаҳои дигари озмунӣ-фароғатӣ сатҳи шунаванда ва муҳтавои худро комилан боло бурданд.
Тибқи нишондиҳандаҳои охирин фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои шабакаи «Садои Душанбе» дар НТҶ 73,6; вилояти Суғд 66,58; ВМКБ 41,8; вилояти Хатлон 60; ва дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 63,45 фисадро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда баъд аз Радиои Тоҷикистон мавқеи намоён мебошад. Дар баробари васеъ гаштани доираи дастрасии аҳолии кишвар ба барномаҳои ин шабака, насбу таҷҳизонидани дастгоҳҳои муосири рақамӣ ва ба шабакаи интернет пайваст шудани «Садои Душанбе» сифати барномаҳои онро беҳ ва шумораи шунавандаҳоро аз ҷумлаи кишварҳои ҳаммарз - Афғонистону Ӯзбекистон, инчунин Федератсияи Россия зиёд намуд, ки инро дар иртиботи онҳо ба барномаҳои мустақим, ки имрӯз наздики 90 фисадро ташкил медиҳанд, метавон мушоҳида намуд.
Мавриди қайд аст, ки шабакаи «Садои Душанбе» соли 2012 зимни як назарсанҷии сотсиологии Ташкилоти ҷамъиятии «Зеркало» миёни тамоми радиоҳои дар Тоҷикистон фаъолияткунанда сершунавандатарин радио дониста шудааст.
Ҳамин тавр, бо таъсиси шабакаи «Садои Душанбе» фазои иттилоотии Тоҷикистон мукаммал гардида, ба ибрози таҳлилгарон ва муҳаққиқони соҳа радиои мазкур барои дарки моҳияти истиқлолияти давлати миллӣ, эҳё ва рушди фарҳангу адаби тоҷик нақши калон гузоштааст.