Мулоқот бо Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азизро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат,  сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
Роҳҳои таҳкими ҳамгироии иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, мусоидат ба татбитқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Таъкид гардид, ки ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла тавассути хатти барқии CASA-1000 ба манфиати ҳарду кишвар ва ҳам Афғонистон аст.
Ҳарду ҷониб ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба густариши робитаҳои миёни сохторҳои хусусии ду кишвар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи олӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.