Ансамбли давлатии «Шашмақом»
Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов мебошад. Ин ансамбл аввалин дастаи ҳирфаии мақомсароён аст, ки соли 1947 дар назди Радиои РСС Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳифз ва рушди анъанаҳои устодонаи мақомсаро нақши босазо гузоштааст. Ба дастаи мазкур сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ (Тӯхтаев), Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, ва дигарон сафарбар шуданд. Дастаи мазкур баробари иҷрою тарғиби мақомҳо, инчунин дар иҷрои кулли мероси мусиқии халқи тоҷик нақши арзанда дошта, дар чандин ҷашнвораҳои мусиқии умумииттифоқӣ, сабти намунаҳои қисм ва шохаҳои ҷудогонаи мақомҳо дар сафҳаҳои мусиқӣ (қарта) кори бузургеро анҷом додаст. Зимни ин тавассути ин гурӯҳ бори аввал намунаҳои баргузидаи мақоми «Наво» ва шохаҳои созию овозии мусиқии устодонаи тоҷикон сабт гардида, дастраси ҷомеа гаштанд.
Фаъолияти пурбору ҳунарии даста дар ҷараёни сабти адвории «Шашмақом», ки бештар тавассути устодон Б. Файзуллоев, Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов бо ҷалби донандагони санъати мақом Саидхони Ҳисорӣ, Муҳиддин Мавлонов, Нериё Аминов ва дигарон сурат мегирифт, назаррас аст. Тавассути пешоҳангону сарварони дастаи мақомсароён мактаб ва сабки иҷроии Душанбе бо риояи анъаноти иҷроии сабки Бухоро, яъне услуби аслии мақомхонии тоҷикӣ ташаккул ёфт. Барои таҳким ва рушди санъати мақом ва мақомсароӣ нимаи аввали солҳои 50-ум нерӯҳои нави иҷроӣ чун Барно Исҳоқова, Фариза Саъдуллоева, Нӯъмон Тоштемиров, Абдуназар Ҳасанов, Турсун Ӯлмасов, Нисон Шоулов, Яъқуб Бободӯстов, Бозор Солиев, Ҷӯрахон Искандаров, Холиқ Саидов, Авнер Аминов, Уриэл Толмасов ва дигарон ба даста шомил шуданд.
Соли 1964 фаъолияти дастаи мақомхонон дар назди Кумитаи давлатии Радио ва телевизиони РСС Тоҷикистон ба ҷалби истеъдодҳои нави иҷроӣ таҳти сарварии Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов пурвусъат шуда, сарояндагони пурумед Б. Ниёзов, М. Исҳоқбоева, Л. Баракаева, К. Қосимов, Б. Яхшиев, Т. Иброҳимова, Ҳ. Маҳмудов, А. Солиев, Қ. Қодирова ва дигарон шомили даста шуданд. Солҳои 70-ум бошад ба дастаи мақомхонон истеъдодҳои нав – София Бадалбоева, Мастона Эргашева, Асадулло Атоуллев, Шӯҳрат Матмуродов, Нигина Рауфова, Нуқра Раҳматова, Маҳбуба Боҳирова, Саидқул Билолов, Ҷамшед Исмоилов, навозандагони боҳунари созҳои мусиқии миллӣ Г. Саодатов, А. Абдуллоев, Ф. Ӯлмасов, М. Ҷумъаев, М. Сафармамадов, Н. Азизов, К. Бурҳонов, С. Манонов, М. Ҷумъаев ва дигарон ворид шуда, дар вусъати иҷрои мақомҳо саҳми хоса доранд.
Солҳои 70-90-ум бошад хатмкунандагони кафедраи мусиқии Шарқи Институти давлатии санъати Тоҷикистони ба номи М. Турсунзода, Р. Норкалаев, С. Шарифов, А. Сафоев, Р. Абдуллоева, С. Умарова, Ш. Ҳошимова, Н. Алиев, С. Наҷмиддинова, Ф. Саидов, Л. Мӯъминова, О. Ашӯрова, Ш. Ҳомидов, Ҷ. Қӯзиев, А. Орифов ва дигарон ворид шуданд, ки тавонҳои иҷроии дастаро таҳким бахшид. Дастаи мақомхонон ҳамеша аз ҳисоби нерӯҳои ҷавони иҷроӣ сафи хешро устувор намуда, дар паи дарёфти роҳу равиши нави иҷро ва тарғиби ин шоҳкории шеъру мусиқӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад.
Дастаи мақомсароён дар тӯли фаъолият таҳти сарварии устодон Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов, А. Бобоқулов, Б. Ниёзов, А. Солиев ва баъдан А. Абдуллоев, А. Низомов, А. Абдурашидов, Д. Қурбонов ва Ф. Саидов ин шоҳасари мусиқиро барои хазинаи тиллоии Радиои тоҷик сабт намудаанд. Ансамбли давлатии шашмақомхонон иштирокдори чандин ҷашнвора ва Симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд-1978, 1983, 1987, Душанбе-1990, Теҳрон-2000, Исфара-2003, Душанбе-2006), рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Русия, Франсия (Москва, Париж-2005) ва ғайра буда, мероси пурмояю санъати олишони мақомҳоро бо диду бардоштҳои нави иҷроӣ манзури сомеъон намудааст. Барои хидматҳои шоиста ва маҳорати баланди иҷроӣ, тарғиби анъанаҳои асили мақом ва мақомсароӣ иддаи зиёди сарояндагони ансамбл ба унвонҳои фахрӣ, нишону ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд – Ансамбли давлатии Шашмақом соли 2000 бо Фармони Президенти ҶТ унвони Ансамбли давлатии шашмақомхонони ба номи Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.