Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»
Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №308 аз 22-юми августи соли 2005 таъсис ёфтааст.
Фаъолияти асосии шабака истеҳсол ва пахши барномаҳои телевизионие, ки барои суръат бахшидани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни демократикунонии ҷомеа, рушди муносибатҳои дӯстии Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҷаҳон равона гардидаанд.
Самти асосии фаъолияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» мувофиқи Оиннома ба инъикосу тарғиби сиёсати пешгирифтаи созандаю бунёдкоронаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи фарҳанг нигаронида шудааст.
Ҳайати эҷодии Муассиса аз 10 идора - идораи барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ, «Ҷавонӣ, зебоӣ ва варзиш», «Фарҳангӣ-фароғатӣ», Эҷод, таҳия ва дубляжи филмҳо ва ғайра иборат аст,
Филиалу намояндагиҳои Муассиса дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Кӯлобу Исфара ва Водии Рашт амал мекунанд, ки бо беҳтарин дастгоҳу таҷҳизоти рақамӣ ва дигар воситаҳои корбарӣ, аз қабили танзимгоҳи рақамӣ, дастгоҳи наворбардории рақамӣ, танзимгоҳи ороишӣ -дизайнерӣ ва автомобили хизматӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Айни замон Муассиса дар як шабонарӯз 18 соат барномаҳоро ба забони тоҷикӣ ва русӣ пахш менамояд, ки дар жанрҳои маъмулии соҳаи телевизион ба монанди сӯҳбат, очерк, гузориш, шоу ва барномаҳои таҳлилӣ-тадқиқотӣ омода мешаванд. Номгӯи барномаҳои асл беш аз 40 барномаро ташкил медиҳад.
Фарогирии барномаҳои «Телевизиони Сафина» дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 81,23 фоиз баробар аст.
Сомонаи Муассиса дар шабакаи байналмилалии Интернет www.safina.tj аст.