Ансамбли эстрадии «Ориё»

Ансамбли эстрадии «Ориё» мусиқии эстрадии тоҷикро муаррифӣ намуда, барои тараннум ва васфи эстрадаи тоҷик соли 2008 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли эстрадии «Ориё» ташкил гардид.
Аз замони таъсисёбии ансамбл ҳунармандони зер роҳбари бадеии онро ба зимма доштанд:
Зикрулло Ҳакимов аз соли 2008 то моҳи апрели соли 2009;
Неъматов Баҳодур аз моҳи апрели соли 2009 то соли 2010;
Муҳаммадрофеъ Кароматулло аз соли 2010 то имрӯз.
Ҳамчунин, дар ансамбли эстрадии «Ориё» сарояндаҳо Тоҷиддин Қурбонов, Муҳаммадҷон Неъматов, Нозияи Кароматулло, Меҳрнигори Рустам, Боғигул Саидова, Зайдулои Шамсулло, Асҳоб Исмоилов, Фирдавси Даврон ва дигарон фаъолият доранд.