Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Нашр шуд. Ҷум, 10/05/2024 - 16:199-уми май дар ҳошияи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Сараввал сарони давлатҳо ҳамдигар ва мардуми ду давлатро ба муносибати ҷашни 79-солагии Ғалабаи бузург табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми тоҷикро махсус таъкид намуда, изҳор доштанд, ки 50 дарсади аҳолии қобили меҳнати ҳамон вақти Тоҷикистон дар ин ҷанг фаъолона иштирок намудаанд.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика буд. Сарони давлатҳо барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа ба қарор омаданд, ки ба сохторҳои лозимаи ду ҷониб супоришҳои зарурӣ дода шавад.