Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ифтитоҳ намуданд
Нашр шуд. Душ, 23/10/2023 - 06:3621 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ноҳия шинос шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 5 гектар боғи интенсивии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чилдухтарон» ва ҳолати нашъунамои меваҳои боғ, ки асосан себро ташкил медиҳад, шинос шуданд.