Суханронӣ ба муносибати ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ
Нашр шуд. Шан, 04/10/2014 - 14:17Зиёиёни муҳтарам ва меҳмонони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз дар ин толори пуршукӯҳ тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 600-солагии адиб, олим ва орифи бузурги Машриқзамин Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ идома доранд.
Ва хеле рамзист, ки маҷлиси бошукӯҳи бузургдошти Мавлоно дар арафаи ҷашни Рӯзи забони давлатӣ барпо мегардад; ҷашне, ки мардум онро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳангӣ ва арҷ гузоштан ба