ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/4- ниҳоӣ баромад

Имрӯз, 28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намауда, ба даври 1/4- ниҳоӣ баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардид.

Замони асосӣ бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11 метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Президенти Тоҷикистон: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифз намоем»

Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи кишвари Ботсвана баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид шуд.
Дар идома таъкид гардид, ки ин рӯйдоди...

Эмомалӣ Раҳмон: «Таъкид месозам, ки ҳар оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад»

Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар оилаи мамлакат даъват намуданд, ки ба муҳлати то ду сол маводи зарурии ғизоӣ захира намояд.

«Бар асари тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати замин, инчунин, рӯз ба рӯз шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза, торафт зиёд шудани аҳолии сайёра ва

Пешвои миллат: «Сада паёмовари Наврӯзи оламафрӯз мебошад ва баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи он ҷашни соли нави ориёӣ фаро мерасад»

«Ҷашни Сада паёмовари ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, омодагӣ ба ин ойини бузурги ориёӣ мебошад ва баъди панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи он ҷашни соли нави ориёӣ – Наврӯз фаро мерасад», — таъкид гардид дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада.

Дар идома Пешвои миллат иброз доштанд, ки

Страницы