Дар Душанбе 112-солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик бошукуҳ таҷлил шуд

11 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр мебошад. Имсол дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт 112-солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши пуршукуҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангиашон дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳм гирифтанд. Аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ поягузори ин рӯзнома буд. Ӯ дар робита ба аввалин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» иброз доштааст, ки ««Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».

Ҳамчунин рӯзнома ба вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт. Вале ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард ва баъди нашри шумораи 153-юм- 2 январи соли 1913 баста шуд.

Бояд гуфт, ки аҳли қалами тоҷик бори аввал 11 марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои шариф» чоп намуданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо дар зиёда аз сад соли гузашта маҳсуб мешавад. Таҷлили ин сана дар ҷумҳурӣ аз соли 1994 ба расмият даромад.

Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огоҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии давлатҳо мегардад.

Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дониста мешавад, зеро таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талошамонро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди давлати соҳибихтиёрамон равона созем».

Пас месазад, ки тамоми кормандони воситаҳои ахбори омма барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз ҳар гуна таҳаввулот бояд дар сафи аввали мубориза бошанд.

Дар маросими Рӯзи матбуот ба рӯзноманигорон Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, унвонҳои Аълочии матбуоту фарҳанг, сипосномаву ифтихорномаҳо аз вазорату идораҳо тақдим гардид.

Ҳамзамон барномаи хуби фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони боистеъдод  манзури ҳозирин гардид.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»