Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Осиёи Марказӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд
Нашр шуд. Чор, 20/09/2023 - 07:5719 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Осиёи Марказӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.
Кори ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден ифтитоҳ намуд.