Ахбор

Дар шаҳри Остона муҷассамаи файласуф ва табиби тоҷик Абӯалӣ ибни Сино гузошта шуд

Маросими ифтитоҳи пайкараи  олими тоҷик, шоир, файласуф ва табиб Абӯалӣ ибни Сино дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон доир гардид.

Дар маросими пардабардории аз рўи ин пайкара  вазирони фарҳанги Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Ибни Сино- олим, файласуф ва табиби форс-тоҷик мебошад, ки дар асрҳои X-XI зиндагӣ намуда, дар Ғарб бо унвони «Авитсена» маъруф гардидааст.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ БАДАХШОН ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Андешаҳо дар ҳошияи сафари навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят

Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15–18 августи соли равон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шароите доир гардид, ки вилоят ба марҳилаи нави рушди иҷтимоию иқтисодии худ ворид гардида, сокинони сарбалан

Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 такмил дода шуд

Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030   такмил дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», профессор Абдулҳамид Қаюмов хабар дод.

Нақшаи нави чорабиниҳо вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» дар асоси қарори ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ки 14 марти соли 2022 баргузор шуд, омода шудааст.

Страницы