АҲСАНТ! Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 соҳиби медали нуқра гардид!

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов имрӯз дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 аз намуди гӯштини ҷудо соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар даври ниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни +100 кг бо Магомедумар Магомедумаров аз Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат намуда, соҳиби медали нуқра гардид.

Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни +100 кг ба муқобили Ким Минйонг аз Кореяи Ҷанубӣ бо имтиёзи вазарӣ пирӯз шуда, ба финал баромада буд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд. Дар он 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш гузошта шудааст. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 138 варзишгар аз 18 риштаи варзиш сабқат менамоянд.

Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор тақдим мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»