КОРВОНИ ИТТИЛООТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН. Ҳайати он бо боғу осорхона ва ҷараёни сохтмони иншоот дар Рашту Лахш ва Тоҷикобод шинос гардид
Нашр шуд. Пан, 24/08/2023 - 15:43Ҳайати рӯзноманигорони мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 22-23 август бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба ноҳияҳои Рашту Лахш ва Тоҷикобод сафари эҷодӣ анҷом доданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.
Ҳайати рӯзноманигорон дар ин сафар, аз ҷумла бо нигораҳои таърихии осорхонаҳои ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод ва осорхонаи таърихии ходими илмии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Мирзошоҳи Акобир дар ноҳияи Рашт шинос гардида, аз таъриху фарҳанги гузаштаи водии Рашт бохабар шуданд.