Намояндаи Тоҷикистон давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба Конфронси Душанбе даъват намуд

21 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тӯли давраи фаъолият ҳамчун механизми муассир ва умедбахши ҳамкории гуногунҷанба, ки ба таҳкими тадбирҳои эътимод, ҳамсоягии нек ва муколамаи созанда барои ҳалли мушкилоти замони муосир хизмат менамояд, шинохта шудааст.

Вазир ҳамчунин бо таъкид ба аҳаммияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аз давлатҳои аъзои МҲТБО ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки моҳи июни соли 2024 дар Душанбе доир мегардад, даъват ба амал овард.