Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 такмил дода шуд
Нашр шуд. Ҷум, 25/08/2023 - 18:49Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 такмил дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», профессор Абдулҳамид Қаюмов хабар дод.
Нақшаи нави чорабиниҳо вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» дар асоси қарори ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ки 14 марти соли 2022 баргузор шуд, омода шудааст.