«АНДАЛЕБ-2023». Имрӯз дар фестивал-озмун санъаткорону ҷавонони боистеъдоди шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ ҳунарнамоӣ намуданд

Дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ маросими оғози даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» доир  гардид. Дар ин давр  санъаткорону ҷавонони боистеъдоди шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ ҳунарнамоӣ намуда, расму оин, урфу одат, маросими хурсандии худро ба воситаи рақс, оҳангу сурудҳо манзури ҳайати ҳакамон ва тамошобинон гардониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар Хоруғ нахустин Форуми байналмилалии соҳибкории G5 оғоз шуд

Имрӯз бори нахуст дар шаҳри Хоруғ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкории G5 оғоз ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Нахуст ҳайати меҳмонон бо намоиши дастовардҳои соҳибкорони вилоят шинос шуданд. Дар идомаи кори форуми соҳибкории G5 навор вобаста ба имконоти рушди соҳибкорӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 тасдиқ гардид

Таъмини муносиби ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357 тасдиқ гардид, иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, тавсияҳои ниҳодҳои соҳавии СММ, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор таҳия ва қабул гардидааст.

Баргузории даври дуюми Фестивал-озмуни чумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023»

Вазорати фарҳанг ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки аз 11 то 18 августи 2023 даври дуюми Фестивал-озмуни чумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад:

1 Шаҳри Панҷакент ва

ноҳияи Рӯдакӣ -11 августи соли 2023, соати 18:00,

2 Шаҳри Хуҷанд ва

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – 12 августи соли 2023, соати 18:00,

3. Ноҳияи Хуросон ва

ноҳияи Шуғнон – 13 августи соли 2023, соати 18:00,

4 Шаҳри Ҳисор ва

ноҳияи Рӯшон – 14 августи соли 2023, соати 18:00,

5 Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Страницы