ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Нашр шуд. Душ, 20/03/2023 - 12:27
20 марти соли 2023, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ – ойини баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат самимона табрик мегӯям.
Дар айёми омодагӣ ва таҷлили ҷашни Наврӯз мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ барои таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва маросиму ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва оммавӣ гардонидани онҳо имконият пайдо кардем.

«Меҳри Ватан» — таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб чоп гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
15 март мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар Қоҳира бо Вазири захираҳои обӣ ва обёрии Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳонӣ Сувайлам баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Наврӯз рамзи покию некӣ, пирӯзӣ, рамзи эҳё ва бедории инсону табиат, пайғоми ҳаёти нав, сарсабзию хуррамӣ, рушду нумуъ ва фархундаҳолию фараҳ аст. Оини озодагию озодагон, фарзонагию фарзонагон, гаронбаҳотарину пурарзиштарин мероси фарҳангии миллати тоҷик, ҳумоюнтарину хуҷастатарин ҷашни мардумони ориёитабор ва рукни аслию муҳими худшиносии миллист, зеро ҷавҳари аслии Наврӯз- ин инсондӯстию 



